Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 сарбози Амрико дар Афғонистон кушта шуданд


Имрӯз дар ду инфиҷори ҷудогона дар Афғонистон 2 сарбози Амрико ва 4 афғон кушта шуданд. 2 сарбози амрикоӣ дар таркиби нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятии НАТО дар шарқи Афғонистон хидмат мекардаанд. Онҳо дар натиҷаи инфиҷори як бами худсохт кушта шудаанд. Дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти бештар дода намешавад. Бо қатли ин ду нафар шумораи афроди кушташудаи нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз оғози сол то ҳол ба 17 нафар расид. 4 афғони кушташуда муҳандисоне будаанд, ки ҳангоми хунсо кардани бам инфиҷор рух додааст ва онҳо дар ин ҳодиса кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG