Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия содироти нафташро ба Беларус идома медиҳад


Сухангӯи вазорати энержии Русия Ирина Есипова ба хабаргузории Ройтерс гуфт, бо вуҷуди нокомии музокироти дирӯзаи Минску Маскав содироти нафти Русия ба Беларус ва тавассути Беларус ба ИА идома дорад. Мақомоти Беларус рӯзи шанбе изҳор доштанд, ки ҳарду ҷониб барои идомаи баҳси масъала омодаанд. Ройтерс аз қавли як намояндаи Минск нақл мекунад, ки гуфтааст, “ҷониби Русия амалан далоил ва ҳисобукитобҳои пешниҳодкардаи Беларусро сарфи назар кард.”
Ҳайъати Беларус дар пайи нокомии музокирот бар сари қарордоди нави фурӯши нафти Русия ба Беларус тарки Маскав кардааст. Маскав мехоҳад нафташро ба Беларус аз ин ба баъд бо нархи бозори ҷаҳонӣ фурӯхта, имтиёзҳои қаблиро лағв кунад. Беларус аммо дар посух таҳдид кардааст, ки нархи транзити нафти Русияро бамаротиб боло хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG