Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби Чормағзакро "Чайна Роуд" хоҳад сохт


Ширкати чиноии “Чайна Роуд” иҷрокунандаи асосии тарҳи эҳдоси нақби Чормағзак таъйин шуд. Муовини аввали вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон Ҷумъахон Зуҳуров ба хабаргузории “Авасто” гуфтааст, “Чайна Роуд”, ки масъулияти бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Данғараро низ бар ӯҳда дорад, алакай аз самти шимол ба кандани нақб дар ағбаи Чормағзак шурӯъ кардааст. Тӯли ин нақб 4 400 метр буда, ҳазинаи эҳдосаш дар ҳудуди 64 миллион доллар баровард шудааст.
“Чайна Роуд” дар Тоҷикистон иҷрои чанд тарҳи бузург, аз ҷумла бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд –Чаноқ ва Душанбе-Ҷиргатолро низ бар ӯҳда дорад. Аксари ин барномаҳо бо сармоягузории Чин амалӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG