Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Афғонистон фақат 7 вазири навро пазируфт


Парлумони Афғонистон аз 24 номзади пешбаришуда ба кобинаи нави вазирон 17 нафарро ба мақомашон лоиқ надонист. Миёни онҳое, ки вакилон аз тасдиқи онҳо сарпечӣ карданд – номзад ба мақоми вазири энерҷӣ Исмоилхон ва довталаби курсии вазири адлия Дониш Сарвар низ ҳастанд. Аз вазирони собиқи ҳукумат парлумон Абдул Вардакро дар мақоми вазири дифоъи кишвар пазируфт. Номзадии ҳар вазири ҳукумати нав алоҳида ба овоздиҳии пинҳонӣ гузошта шуд.
Қабл аз ин номзадҳо ба кобинаи вазирони Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ дар парлумон қарор гирифта буданд. Ҳомид Карзай ташкили ҳукумати навро охирҳои моҳи гузашта анҷом дода буд. Кишварҳои ғарбӣ аз раисиҷумҳури Афғонистон, ки тирамоҳ дубора дар мақомаш интихоб шуд, ва аз аъзои ҳукумати нав хостори тақвияти мубориза бо ришвату фасод шудаанд.
XS
SM
MD
LG