Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори бозбинии тадобири амниятӣ шуд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар пайи талоши дар рӯзи Мавлуди Масеҳ тарконидани як ҳавопаймои мусофирбар хостори бозбинии тадобири амниятӣ дар хутути ҳавоии кишвараш шуд. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, Обама мехоҳад бифаҳмад, ки Умар Фаррух Абдулмуталлаб, шаҳрванди 23-солаи Нигерия, ки исмаш дар феҳрасти қариб 550 000 нафари гумонбар ба фаъолиятҳои террористӣ меомад, чигуна тавонистааст бо маводи мунфаҷира вориди ҳавопаймои Амстердам-Детройт шавад. Абдулмуталлаб дар қасди инфиҷори ҳавопаймои Ширкати Northwest Airlines бо ҳудуди 290 мусофиру сарнишинонаш дар остонаи дар фурӯдгоҳи Детройт нишастани ин ҳавопаймо муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG