Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чемпиони олимпӣ нашъаҷаллобӣ мекард?


Дар кишвари Андорра чемпиони олимпӣ аз Маҷористон Петер Фаркаш, ки дар парвариш ва фурӯши марихуана муттаҳам мешавад, боздошт гардид. Як сол пеш ӯ аз таъқиботи додгоҳӣ дар ватанаш фирор карда буд. Хабаргузории ДПА бо такя ба расонаҳои Маҷористон навиштааст, ки варзишгари маъруф ҳамроҳи бародар ва як ҳампаймонаш дар майдони бузурге дар канори шаҳри Будапешт хашхош парвариш мекарданд.
Петер Фаркаш соли 1992 дар Бозиҳои олимпии Барселона дар гуштини юнониву румӣ соҳиби медали тилло шуда буд.
XS
SM
MD
LG