Бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомӣ дар Яман 30 мусаллаҳи узви “Ал-Қоида” ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хадамоти амниятии кишвар, ин ҳамла дар вилояти шарқии Шабва дар ҳоле сурат гирифт, ки афроди мусаллаҳ дар як мулоқот бо ширкати ду раҳбари шабакаи “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон ҷамъ омада буданд.
Мақомоти Яман ҳафтаи ахир мубориза алайҳи мусаллаҳони “Ал-Қоида” дар кишварро тақвият бахшидаанд.
Мақомоти Яман ҳафтаи ахир мубориза алайҳи мусаллаҳони “Ал-Қоида” дар кишварро тақвият бахшидаанд.