Бонки Миллии Тоҷикистон(БМТ) ба хотири муборизаи муассиртар бо фасод дар низоми бонкӣ хатти мустақими робита бо соҳибони пасандозро боз мекунад. Мақомоти Бонки Миллӣ мегӯянд, ҳар нафаре, ки бо ҳар мавриди аланӣ ва ғайриалании фасоду ришваситонии кормандони бонкҳо рӯбарӯ шуд ва ё шоҳиди чунин маворид бошад, метавонад фавран бо телефони боварӣ ваё тавассути эмейл ба Бонки Миллӣ муроҷиат кунад. Мақомоти Бонки Миллӣ мегӯянд, ҳар шикояти расидаро амиқан таҳқиқ ва гунаҳкоронро муҷозот хоҳад кард.
Ахиран Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, бахши бонкиро фасодзадатарин бахш дар кишвар ном бурд ва гуфт, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 59 мавриди даст ба фасод задани кормандони бонкҳо ошкор шудааст.