Дар чанд ҷумла
Русия 30 тонна тилояшро фурӯхтааст
Русия аз лиҳози захираи асъору тило дар ҷаҳон дар мақоми севвум аст ва ин дар ҳолест, ки иқтисоди кишвар аз пайомадҳои бӯҳрони саросарии молӣ ранҷ мекашад
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Аз як боздоштгоҳи Русия 11 муҳоҷирро ба Тоҷикистон мефиристанд
Мақомоти ВКХ Тоҷикистон мегӯянд, дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Егорйевски вилояти Маскав 98 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.
Маълум нест ин нафарон бо чӣ сабаб дар ин муассиса нигаҳ дошта мешаванд, вале ба иттилои мақомот, дар мулоқот бо онҳо рӯзи 5 декабр кормандони Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон масъалаи бо чиптаи бозгашт ба ватан таъмин кардани 11 нафари онҳоро ҳал кардаанд. Илова ба ин, ба шаҳрвандони Тоҷикистон хӯроку об ва дигар кӯмакҳои ниёзи аввал ироа карда шудааст.
Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки бо шаҳрвандони боздоштшуда оид ба дигаргуниҳо дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ҳам сӯҳбате анҷом шудааст.
Ин хабар дар ҳолест, ки Русия баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” қонунҳои муҳоҷираташро ба шиддат маҳдуд ва сахттар кард ва ҳазорҳо муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикистониҳоро боздошту истирдод намуд. Ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамарӯза расонаӣ мешавад.
Айбдоршавандае дар додгоҳи Бишкек гарданашро бурид
Дар Қирғизистон як айбдоршаванда дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гарданашро бурид.
Ба иттилои Радиои Азаттик, муассиси ширкати сохтмонии KG Group Имомиддин Ташов, ки барои даъватҳои оммавӣ ба ғасби қудрат муҳокима мешавад, рӯзи 6 декабр дар додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек бо кадом маводи ношиносе гарданашаро буридааст.
Ташовро муҳофизони додгоҳ нигоҳ доштанд. Ёрии таъҷилӣ Ташовро аз додгоҳ ба беморхона бурд ва аз он ҷо ӯро ба боздоштгоҳ интиқол доданд. Вазъи саломатии ӯ маълум нест.
Бо ҳукми додгоҳи имрӯза, ҳабси Ташовро то 8 феврали соли 2025 тамдид каданд. Ташов моҳи апрел боздошт ва аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ гумонбар эълон шуд. Худи ӯ гуфтааст, ки ӯро поёни соли 2023 ходимони КДАМ боздошт карда аз ӯ пул талаб кардаанд.
Дар Гурҷистон 23 эътирозгар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд
Дар Гурҷистон зидди 23 ширкатдори намоишҳои эътирозие, ки бо манъи ҷараёни ҳамгироӣ бо Аврупо розӣ нестанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ин бора ВКД Гурҷистон хабар додааст. Нисбати 13 нафар аз рӯи иттиҳоми ташкили хушунати гурӯҳӣ ваё иштирок дар он ва авбошӣ парванда боз шудааст.
Як нафарро дар ташкили таркиш гумонзад кардаанд. Исми гумонбаршудаҳо маълум нест, вале аз пеш маълум аст, ки дар миёни онҳо хориҷиҳо ҳам мебошанд.
Ба ҳамаи онҳо то 9 соли зиндон таҳдид мекунад. Дигар гумонбарон барои вайрон кардани моликияти давлатӣ ва ҳамла ба ходимони полис ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Рӯзи 5 декабр ҳам эътирозҳо идома кард:
Дар Тифлис, Батуми ва дигар шаҳрҳои Гурҷистон ҳашт шабонарӯзи ахир намоишҳои эътирозӣ ҷараён доранд.
Полис зидди эътирозгарон бо шеваи бераҳмона рафтор карда, дар маҷмӯъ рӯзи 4 декабр беш аз 300 нафарро боздошт кардааст.
Дар Русия даромади курйерҳо боло рафтааст
Соли 2024 даромади курйер ё борбарҳо дар Русия назар ба мутахассисони компютерӣ, табибон ва духтурон баландтар шудааст.
Дар ин бора 6 декабр сомонаи РБК хабар додааст. Аз моҳи январ даромади курйерҳо ба ҳисоби миёнаи як корхона дар Русия 15 дарсад зиёд шуда аз марзи 115 ҳазор рубл дар моҳ гузаштааст.
Ин пул аз маоши таҳлилгарони иттилоотӣ як каме зиёд бошад, аз маоши духтуру муаллимону журналистон қариб 2,5 баробар бештар будааст.
Сабаби инро бо якбора кам шудани шумори коргарони курйер рабт медиҳанд. Пешниҳоди кор ба курйерҳое, ки пиёда фармоишро иҷро мекунанд, қариб ду баробар зиёд шудааст.
Ҳамлаи паҳподҳои украинӣ ба Керчи ишғолшуда
Шаби 6-уми декабр ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба шаҳри Керчи нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ҳамлаҳо анҷом доданд.
Шаби 6-уми декабр ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба шаҳри Керчи нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ҳамлаҳо анҷом доданд. Дар шаҳр садоҳои таркиш шунида шудааст. Телеграм-канали "Крымский ветер" гуфт, таркишҳо дар маҳалли ҷойгиршавии корхонаи киштисозии «Залив» мушоҳида шудааст.
Хонандагони сомонаи Крым.Реалии таркишҳо дар Керчро тасдиқ карда гуфтанд, ки садои се таркишро бо фосилаи 10-20 дақиқа шуниданд. Вазорати мудофеаи Русия гуфт, ки шаби 6-уми декабр нирӯҳои зиддиҳавоӣ дар фазои Қрим як паҳподи украиниро нобуд карданд. Ба илова, дар фазои Баҳри Сиёҳ ду паҳподи баҳрӣ ҳам хунсо карда шуааст.
Ин хабарро ҷониби украинӣ ҳанӯз шарҳ надодааст. Русия гуфт, ки дар давоми шаби гузашта нирӯҳои зиддиҳавоӣ 33 паҳпод, аз ҷумла 14-тоашро дар фазои вилояти Воронеж, 11-тоашро дар фазои Курск ва 7 ададашро дар фазои вилояти Белгород нобуд кардаанд.
Мақомоти Воронеж гуфтанд, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст, мақомоти вилоятҳои дигар хабарро шарҳ намедиҳанд.
Рейди милиса ва миллатгароҳои рус алайҳи муҳоҷирон дар Сургут
Аъзои Созмони миллатгарои "Русская обшина" дар шаҳри Сургут алайҳи муҳоҷирон рейд гузарондаанд.
Дар навори нашркардаи ин гурӯҳ дида мешавад, ки миллатгароҳо ба анбори як тарабхона даромада, бо муҳоҷирон дағалона муносибат мекунанд.
Намояндагони "Русcкая обшина" навиштаанд, ҳамроҳ бо кормандони ниҳодҳои қудратӣ муҳоҷиронро тафтиш карданд.
Аммо дар видео дида мешавад, ки чанд кас бо рӯйи пӯшида ба анбор медароянд ва дар либосашон нишони ин созмони миллатгаро ҳаст. Кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар кӯча дида мешаванд.
Аъзои "Русская обшина" навиштаанд, ҳуҷҷати даҳҳо муҳоҷирро санҷиданд ва як қисми онҳо аз Русия ихроҷ мешаванд.
Навори рейди аъзои созмони миллатгаро дар ҳоле нашр мешавад, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар минтақаи Сургут, дар бораи гузарондани рейд нисбати муҳоҷирон хабаре нест.
Ҳашт млн еврои БАТР барои беҳбуди низоми обрасонии Бохтар ва Данғара
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтар шудани кори низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара, 8 миллион евро грант ё маблағи бебозгашт медиҳад.
Созишномаи мазкур 3-юми декабр аз сӯи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия ва Холгер Вифел, намояндаи доимии бонк дар Тоҷикистон имзо шудааст.
Аз 8 миллион евро нисфаш барои низоми таъмини об дар Бохтар ва боқимонда барои ноҳияи Данғара ҷудо мешавад.
Ба иттилои Вазорати молия, ин маблағ барои "сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, безараргардонии оби нӯшокӣ ва саривақт бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ", масраф мешавад.
Таъмини сокинон бо оби тоза яке аз мушкилиҳои асосӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон гуфта мешавад.
Тибқи иттилои Корхонаи хоҷагии манзилию комуналӣ, танҳо 66 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ таъмин аст.
Президенти Тоҷикистон аз кори додрасҳо интиқод кард
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кори баъзе додрас ё судяҳо дар кишвар норозигӣ карда гуфт, бештари шикояти сокинон аз болои додрасҳо аст.
Президент Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабр дар вохӯрӣ бо додрасҳои кишвар гуфт, аз соли 2020 ба ин тараф аз болои кори додгоҳҳои кишвар, ба Дастгоҳи иҷроияи президент 4332 муроҷиат ворид шудааст.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, баъзе шаҳрвандон аз яктарафа баррасӣ шудани парвандаашон такрор ба такрор муроҷиат мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз қонуншикании кормандони додгоҳҳо дар кишвар нигаронӣ карда гуфт, давоми даҳ соли ахир 45 додрас, муовинон ва раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо барои даст ба фасод задан зиндонӣ шудаанд.
Президенти Тоҷикистон аз қазияи раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёдоварӣ кард, ки барои латукӯби як марзбон аз вазифааш ронда шуд.
Дар бораи ин қазия аввал шуда Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми июли имсол хабар дода буд ва ду рӯз пас Зоҳир Муминзода бо фармони президент аз вазифа барканор шуд.
Муминзода рӯзи 26-уми июл расонаҳоро гунаҳкор кард, ки "ҳолати ба сараш омадаро сенсатсия карда, нашр карданд". Аммо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми декабр гуфт, раиси додгоҳ бархилофи кодекси одоби додрасро сарбозро латукӯбу дашном додааст.
Президент берун аз маърузааш афзуд, "фарзанди ягон раиси додгоҳ хизмат намекунад ва ба қадри хизмат ҳам намерасад".
Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таину барканор мешаванд.
Ақибнишинии нерӯҳои Асад. Шӯришиён Ҳаморо "гирифтаанд"
Артиши Сурия рӯзи 5-уми декабр эълон кард, ки аз шаҳри Ҳамо ақибнишинӣ кардааст. Ин таҳаввул зарбаи дигаре барои раисҷумҳур Башор Асар дониста мешавад.
Баёнияи артиш чанд соат пас аз он нашр шуд, ки ҷангҷӯёни мухолифи ҳукумати Башор Асад эълом карданд, ки вориди шаҳри Ҳамо шуданд.
Ҳамо шаҳри роҳбурдӣ ё стратегӣ ба шумор меравад ва барои артиши Сурия назорат бар ин шаҳр амри ҳаётӣ дониста мешавад.
Пирӯзии шӯришиён дар Ҳамо дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, “нерӯҳои режими Асад ва ниманизомиёни ҷонибдори давлат ба раҳбарии афсарони русӣ ва эронӣ аз он муҳофизат мекарданд".
Артиши Сурия эълон кардааст, ки барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён аз Ҳамо берун шуд.
Шӯришиёни мухолифи режими Башор Асад ба раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир-аш-Шом" (Амрико аз соли 2018 созмони террористӣ номбар мекунад) аз 27-уми ноябр ба ин сӯ Ҳалаб, Идлиб ва Ҳаморо дар Сурия ишғол карданд.
Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 4-уми декабр гузориш дод, ки дар ин муддат беш аз 360 шӯришӣ, зиёда аз 230 нерӯи давлатӣ ва 110 ғайринизомӣ кушта шудаанд.
"Меҳргон" ва рубоб дар феҳристи мероси фарҳангӣ
Ҷашни қадимии "Меҳргон", ки понздаҳ сол боз дар Тоҷикистон расман таҷлил мешавад, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудааст.
Ин тасмимро рӯзи 4-уми декабр дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Парагвай эълон карданд.
Ҷашни “Меҳргон” дар Тоҷикистон ҳар сол дар якшанбеи сеюми моҳи октябр баргузор мешавад.
Инчунин, ҳунари сохтан ва навохтани рубоб (рабоб) ҳамчун мероси муштараки фарҳангии ғайримоддии Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар ЮНЕСКО сабти ном шуд.
Намояндагони Тоҷикистону Афғонистон, Эрон ва Узбекистон рубоб (рабоб)-ро рӯҳи мусиқии ин кишварҳо ва пайвастани таърихи фарҳанги ин кишварҳо бо наслҳои оянда унвон карданд.
Рубоб (рабоб) як асбоби мусиқии суннатист, ки бо истифода аз чӯбу торҳои махсус сохта мешавад ва дар фарҳангу мусиқии ин кишварҳо ҷойгоҳи вижа дорад.
Рамазон Қодиров ду мансабдори русро ба муҳоҷирситезӣ муттаҳам кард
Рамазон (Рамзан) Қодиров, раҳбари Чеченистон, сиёсати вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи тафтишоти Русияро дар мавриди муҳоҷирон танқид кард.
Ӯ рӯзи 4-уми декабр дар суҳбати мустақим бо хабарнигорон гуфт, Владимир Колоколтсев ва Александр Батрикин сазовори ин мақомҳои баланди давлатӣ нестанд.
“Бо фармони Колоколтсев муҳоҷиронро мезананд, боздошту ихроҷ мекунанд. Онҳо бародарони мо ҳастанд ва мо ба онҳо эҳтиёҷ дорем. Баъд мегӯянд, ки касе намехоҳад бо мо дӯстӣ кунад. Чаро мо Украина ва Гурҷистонро аз даст додем? Чаро равобити мо бо кишварҳои дигар низ зери фишор аст?" – пурсид Қодиров.
Вай дар идома ду мансабдори баландпояи Русияро накӯҳиш кард, ки ҳолати кишвари худро намедонанд: “Онҳо ба минтақаҳо намераванд ва бо мардум суҳбат намекунанд. Дар курсиҳо нишаста, худсариву ноадолатӣ мекунанд. Намебинанд, ки дар паси тирезаашон чӣ рӯй медиҳад. Худои таоло ҳатман онҳоро муҷозот хоҳад кард.”
Вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи тафтишоти Русия ҳанӯз вокуниш накардаанд.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Рамазон Қодиров дар идомаи мулоқоти мустақим бо хабарнигорон аз суҳбати президентҳои Русия ва Узбекистон ёдовар шуд.
Дар он мулоқот Владимир Путин ва Шавкат Мирзиеёв дар масъалаи муҳоҷирати корӣ тавофуқи назар доштанд ва мувофиқат карданд, ки дарёфти роҳҳои ҳалли қобили ҳар ду тараф зарур аст. Аммо ба гуфти Қодиров, Колоколтсев ва Бастрикин хилофи ин мувофиқат амал мекунанд.
Дар ҳафтаҳои охир ин севумин ҷумҳурии мусулмоннишини Русия аст, ки барои ҳимоят аз муҳоҷирон садо баланд мекунад.
Қаблан ҷумҳуриҳои Тотористон ва Бошқирдистон ҳам ба мавқеи нармтари ҳукумати Русия дар муқобили муҳоҷирон даъват карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, қонунгузорон дар Думаи давлатии Русия барои маҳдуд кардани ҳаққи муҳоҷирон, аз ҷумла аз таҳсил дар мактабҳо маҳрум намудани фарзандони муҳоҷирон иқдом кардаанд.
Украина ба зидди мансабдорони гурҷӣ таҳрим ҷорӣ кард
Украина ба зидди ҳукумати Гурҷистон таҳрим ҷорӣ кард.
Фармони Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар ин бора рӯзи 5-уми декабр имзо шуд.
Ин таҳрим 19 нафарро дар бар мегирад.
Дар миёни онҳо бунёдгузори ҳизби "Орзуи гурҷӣ" Бидзина Иванишвили, сарвазир Ираклий Кобахидзе ва шаҳрдори Тбилиси Каха Каладзе ҳастанд.
Ба қавли Зеленский, маҳдудият ба онҳое дахл дорад, ки “манфиатҳои Гурҷистон ва мардумро мефурӯшанд” ва “Гурҷистонро ба [президенти Русия Владимир] Путин таслим мекунанд."
"Мо аз Аврупо, Амрико ва ҳама дар ҷаҳон даъват мекунем, ки ҳамин тавр амал кунанд," -- гуфт Зеленский дар паёми видеоӣ дар Telegram.
Амрико аз ҳукумати Гурҷистон хост, бо норозиён бадрафторӣ накунад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳукумати Гурҷистон хостааст, ки бо эътирозгарон дар ин кишвар бадрафторӣ накунад.
Ин даъват пас аз чанд рӯзи саркӯб, истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ ва шиканҷаи эътирозгарон дар Тбилиси садо дод.
Энтони Блинкен, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 4-уми декабр дар баёнияе гуфт, "Иёлоти Муттаҳида хушунати бераҳмона ва ноодилонаи ҳизби "Орзуи гурҷӣ"-ро алайҳи мардум, тазоҳургарон, намояндагони расонаҳо ва мухолифон шадидан маҳкум мекунад."
Блинкен инчунин аз ҳукумати Гурҷистон даъват кард, ки аз истифодаи "тактикаи саркӯбкунанда, бахусус ҳабсҳои худсарона ва хушунати ҷисмонӣ" даст кашад.
Эътирозҳо дар посух ба тасмими ҳукумати Гурҷистон дар бораи то соли 2028 боздоштани музокирот барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо оғоз шуданд. Ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" тасмими худро дар ин бора рӯзи 28-уми ноябр эълон кард.
Аз он пеш, 26-уми октябр, дар Гурҷистон интихоботи порлумонӣ баргузор гашт. Мақомот ҳизби "Орзуи гурҷӣ"-ро пирӯз донистанд, аммо мухолифон, президент Саломе Зурабишвили ва гурӯҳе аз сокинон онро тақаллубӣ дониста, хоҳони баргузории интихоботи нав шуданд.
Ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯи афғонистонӣ аз Тоҷикистон
Дар ду рӯзи охир тақрибан 60 муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ (берун) карда шудаанд.
Як корманди консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, ки зери итоати "Толибон" аст, бо тасдиқи хабар рӯзи 5-уми декабр гуфт, муҳоҷирон ба воситаи гузаргоҳи "Шерхон Бандар" ба Афғонистон гузаштанд.
Ба иттилои ӯ, ки нахост номаш бурда шавад, "муҳоҷирони ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе кору зиндагӣ доштанд".
"Санадҳояшон дуруст буд, аммо сабаби ихроҷро намедонам. Бештари ихроҷшудаҳо аз тарафи пулиси Ваҳдат бозҷӯйӣ ва сипас ронда шудаанд. Як бор 16 ва дафъаи дигар беш аз 40 нафар, яъне дар ду ҳолат, ихроҷ карда шудаанд," – афзуд ӯ.
Рӯё Ҳафизӣ, яке аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат (канори Душанбе), гуфт, шавҳараш Нақибулло Ҳафизиро рӯзи 4-уми декабр аз Тоҷикистон ихроҷ карданд.
Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, панҷ сол боз дар Тоҷикистон ҳастанд. Сабаби ихроҷи шавҳарашро касе ба ӯ шарҳ надодааст.
"Рӯзи чоршанбе дар идораи пулис будем. Омада, ҳамаро бор карда ба Душанбе бурданд. Баъдан шавҳарам тамос гирифт, ки дар марз ҳастем. Панҷ кӯдак дорам. Дар як таҳхона зиндагӣ мекунем. Ноновари хонавода шавҳарам буд, дигар намедонем чӣ кор кунем,” -- нақл кард ӯ.
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хабар надорад. Вале ҳамзамон афзуд, "бар асоси муқаррарот, вақте қоидаҳои будубошро риоят намекунанд, сабаби ихроҷашон мешавад."
Дар солҳои 2021 ва 2022 зиёда аз 80 муҳоҷири афғонистониро аз Тоҷикистон ронда буданд. Яке аз онҳо санади паноҳандагӣ доштааст.
Мақомот далели рондани онҳоро нақзи қоидаи иқомат номиданд. Кумисюни олии Созмони Милал он замон гуфта буд, ки маҷбуран ба кишварашон фиристодани муҳоҷирони афғонистонӣ ва афродеро, ки аз таъқиб фирор кардаанд, "ғайриқонунӣ буда, ҷони онҳоро зери хатар мегузорад."
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд.
49 миллиард сомонӣ. Порлумон буҷаи соли ояндаро қабул кард
Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, буҷаи соли 2025-ро тасвиб кард. Лоиҳаро рӯзи 4-уми декабр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия муаррифӣ намуд.
Тибқи пешбинии Вазорати молия, соли оянда ҳаҷми даромади буҷаи Тоҷикистон 49,6 миллиард сомонӣ ($ 4,5 миллиард) доллар муқаррар шудааст. Ин маблағ дар қиёс ба буҷаи имсола 15,4 дарсад бештар мебошад.
Ба нақшаи Вазорати молия, соли оянда буҷаи кишвар аз ин манбаъҳо бояд пур шавад:
қариб нисфи буҷа ё 22,7 миллиард сомонӣ аз ҳисоби молиёт (андоз);
10,4 миллиард сомонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ;
1,2 миллиард сомонӣ “пардохтҳои ғайриандозӣ”;
11,2 миллиард сомонӣ аз ҳисоби грант ва қарзҳо.
Хароҷоти буҷаи соли оянда Тоҷикистон 51,6 миллиард сомонӣ ($ 4,7 миллиард) пешбинӣ шудааст. Касри буҷа ё барзиёдии хароҷот бар даромад 2 миллиард сомонӣ аст.
Мақомот нагуфтанд, ки ин харҷро аз кадом ҳисоб мепӯшонанд. Солҳои гузашта касри буҷаро аз ҳисоби фурӯши амволи давлатӣ ҷуброн мекарданд.
Мисли солҳои гузашта қариб нисфи буҷаи соли 2025 барои бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ масраф мешавад.
Шикояти наздикони марди ғарқшуда дар Шуғнон
Пайвандони як сокини ноҳияи Шуғнон, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуд, аз кори наҷотдиҳандагон шикоят доранд.
Рӯзи 30-юми ноябр як марди 54-сола аз деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон ба ҷарӣ сарозер шуда, ба дарёи Панҷ афтод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ки мошинро аз об берун оварда, вале худи ронандаро пайдо накарданд.
Яке аз пайвандони ин мард 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ навишт, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасадро ҷустуҷӯ надоранд. Хонаводаи ин мард гуфтанд, ҳатто омодаанд, ки барои ёфтани ҷасад маблағ диҳанд.
Ҳамасола дар обҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд ва ҷасади на ҳамаи онҳо пайдо мешавад.
Аз ҷумла пайвандони як духтари ҷавон дар шаҳри Душанбе моҳҳо наметавонанд ҷасади ӯро аз як рӯдхона дар канори пойтахт пайдо кунанд.
Ҳамчунин ҷасади як омӯзгори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳам аз дарёи Зарафшон пайдо нашуд.
Пашинян: Бозгашти Арманистон ба СПАД ғайриимкон аст
Нахуствазири Арманистон гуфтааст, ихтилоф байни Ереван ва Маскав дар бораи нақши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ нишон медиҳад, ки дар шароити феълӣ имкони бозгашти ин кишвар ба созмон ғайриимкон аст.
Никол Пашинян 4-уми декабр дар порлумони кишвараш гуфт, Арманистон ҳузури худро дар СПАД мутаваққиф карда, дар муҳокима ё тасмимигириҳои созмон ширкат намекунад.
"Мо аллакай худро берун аз СПАД ҳисоб мекунем, ба корҳои онҳо дахолат намекунем ва ҳам намегӯем, ки ҳаққи вето дорем",-афзуд Пашинян.
Рӯзи 2-юми сентябри имсол нахуствазири Арманистон эълон карда буд, ки кишвараш узвияти худро дар ҳамаи сохторҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ боз доштааст.
Равобити Арманистон ва СПАД дар пайи низоъи Қаробоғи Куҳӣ тира шуд.
Арманистон тирамоҳи соли 2022 аз аъзои СПАД хоста буд, дар пешорӯи амалиёти низомии Озарбойҷони ҳамсоя кӯмак кунанд, вале ин дархосташ беҷавоб монд ва Ереван аъзои ин созмонро дар нодида гирифтани талабҳояш айбдор намуд.
Нархи санҷиши вуруд ба Русия дар Душанбе арзон шуд
Нархи хизматрасонии намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе арзон шудааст. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, нархи санҷиши вуруд ба Русия аз 460 ба 153 сомонӣ поин оварда шудааст.
Агар шаҳрвандон хоҳанд, ки дар намояндагии Русия изи ангушт супоранд, пас барои ин бояд 60 сомонии дигар супоранд. Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, супоридани изи ангушт дар худи Русия 3 ҳазор рубл аст.
Радиои Озодӣ ин маълумотро феълан тасдиқ карда наметавонад.
Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия моҳи майи имсол ифтитоҳ шуд. Ин марказ дар хиёбони Айнии Душанбе ва дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кор мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, фаъолияти ин марказ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар фурудгоҳҳои Русия барои супоридани изи ангушт ва санҷиши вуруд сарсон нашаванд.
Ҳарчанд аз шикояти муҳоҷирон бармеояд, ки баъди кори ин марказ ҳам сарсонии муҳоҷирон дар фурудгоҳҳои Русия кам нашудааст.
Мансаби нави Равшанбек Собиров дар Қирғизистон
Равшанбек Собиров, раиси ҷомеаи тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, иҷрокунандаи мансаби вазири кору ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати ин кишвар таъйин шуд.
Фармонро дар ин бора Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 4-уми декабр имзо кард.
Собиров 54-сола аст.
Ӯро дар соли 2010 (аз Ҳизби “Ота Макон”) вакили порлумон (Жогорку Кенеш) интихоб карданд.
Дар соли 2011 аввалин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон гашт, аммо баъд аз чанде (июли 2012) дастгир ва бо гуноҳи ришваситонӣ зиндонӣ шуд. Моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.
Равшанбек Собиров ҳамеша парвандаашро сохта ва дорои ангезаҳои сиёсӣ донистааст.
Вай дар моҳи октябри соли 2020 ҳамроҳи тими Содир Ҷабборов (Жапаров) дигарбора ба ҳукумат баргашт. Ӯро комилан бегуноҳ эълон карданд. Аввал муовини сарвазир (то феврали 2021) ва сипас мушовири раисҷумҳур (аз феврал то октябри 2021) буд.
Дар интихоботи порлумонии моҳи ноябри соли 2021 аз тарафи ҳизби "Ота Ҷурт – Қирғизистон" вакил интихоб шуд. Моҳи марти соли 2022 раиси Оҷонси миллии сармоягузорӣ таъйин гардид, аммо ҳамагӣ баъди ним сол истеъфо дод.
Ин тасмим дар пасманзари муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эълон шуд, вале худаш гуфт, истеъфои ӯ ба даргирии мусаллаҳона рабт надорад. “Ман то ҳадди мумкин кор кардам. Ҳоло мехоҳам, ки саломатиамро беҳбуд бахшам,” – гуфта буд ӯ.
Равшанбек Собиров дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уши Қирғизистон зода шудааст.
Наргис Муҳаммадӣ барои муолиҷа аз зиндон раҳо шуд
Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2023, барои муолиҷа аз зиндони Эвин дар Эрон раҳо шудааст.
Мустафо Нилӣ, вакили мудофеи Муҳаммадӣ, рӯзи 4-уми декабр хабарро тасдиқ кард.
Ӯ дар шабакаи иҷтимоии "X" (Твиттер) навишт, ки Наргис Муҳаммадӣ бар пояи хулосаи пизишкӣ ва ризояти Додситонии Теҳрон барои се ҳафта озод шуд.
Вакил ин тасмимро ба вазъи саломати шахси зери ҳимояташ пайванд дод. Наргис Муҳаммадии 52-сола чанде пеш ҷарроҳии пайванди устухон шуда буд.
Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар тайи ду моҳи охир раҳоии ӯ ва дастрасияшро ба табобат тақозо карданд.
Муҳаммадӣ дар маҷмуъ ба 13 солу 9 моҳ зиндон маҳкум шудааст.
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олиро ошкор кард
Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷикро ошкор кард.
Файзи Олии 74-сола рӯзи 29-уми ноябр ба дуним сол зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро ба “дидаю дониста расондани хабари дурӯғ нисбат ба прокурор” гунаҳкор донист.
Худаш рӯзи 25-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳеч гуноҳ надорад. Баръакс, мақомотро танқид кард, ки ба ҷойи баррасии номааш дар бораи ришвагирии муфаттишон худи ӯро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Ин нома, ба гуфтаи ӯ, бар асоси баёнот ва бо иҷозаи зерҳимояаш, Шамсулло Ҳамроҳзода, омода ва фиристода шуда буд.
Додситонии кул рӯзи 4-уми декабр дар хабарномае тасдиқ кард, ки Файзи Олӣ ба ин ниҳод, Шӯрои амният, Оҷонси мубориза бо фасод, ВКД ва Палатаи ҳисоб хатӣ муроҷиат кардааст. Аз ҷумла, дар бораи гуё 21 ҳазор сомонӣ гирифтани корманди Додситонӣ У. Холиқзода, 50 ҳазор сомонӣ гирифтани нозири Палатаи ҳисоб Ҷ. Шарифзода ва 20 ҳазор сомонӣ гирифтани вакили мудофеъ Ҳ. Саидова аз Шамсулло Ҳамроҳзода.
Аммо мақомот номаи Файзи Олиро “дидаю дониста расондани хабари дурӯғ, оворакунии мақомоти давлатӣ, қасосгирӣ ва дигар ниятҳо” номидаанд, ки ба бовари онҳо “бе огоҳии шахси ваколатдиҳандааш Ҳамроҳзода” навишта шудааст.
Файзи Олӣ рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “Шамсулло Ҳамроҳзодаро маҷбур кардаанд, аз баёноташ даст кашад. Гӯяд, ки мо ба Файзи Олӣ ин хел ваколат надодаем."
Дар хабарномаи Додситонии кул гуфта шудааст, ки “дар ҷараёни санҷиш ваҷҳҳои ҳимоятгар Юлдошев Ф.Ш. тасдиқ наёфт” ва ба ҳамин далел нисбат ба корманди Додситонӣ, нозири Палатаи ҳисоб ва як вакили мудофеъ парванда боз нашуд.
Шамсулло Ҳамроҳзода як масъули ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” аст, ки моҳи марти соли 2024 ҳамроҳи ду ҳамкораш бо гуноҳи азхудкунии 4672,8 ҳазор сомонӣ зиндонӣ карда шудааст.
Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.
Ҳоло маълум нест, ки ӯ нисбат ба ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино шикоят мебарад ё не.
Путину Эрдуғон вазъи Сурияро баррасӣ кардаанд
Роҳбарони Русия ва Туркия даргирӣ дар шимоли Сурияро баҳс карда, гуфтаанд, вазъи пешомада бояд бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад.
Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон 3-юми декабр телефонӣ гап задаанд.
Дар хабарномаи дафтари президенти Туркия омадааст, Эрдуғон ба якпорчагии Сурия таъкид карда, айни замон гуфтааст, ин кишвар мубориза бо Ҳизби коргарии Курдистонро идома медиҳад. Ин созмон дар Туркия ва Амрико гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст.
Владимир Путин дар ин суҳбат гуфтааст, таҷовузи гурӯҳҳои тундрав алайҳи давлати Сурия бояд тамом шавад.
Гуфтугӯи Путин ва Эрдуғон дар ҳоле анҷом шудааст, ки мухолифони мусаллаҳи Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, баъди тасарруфи шаҳри Ҳалаб ба ҷанг алайҳи нерӯҳои давлатии Сурия идома медиҳанд.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, мегӯяд, неруҳои мухолиф рӯзи 3-юми декабр ба шаҳри Ҳамо наздик шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар даргириҳои як ҳафтаи охир беш аз 600 кас кушта шудаанд. 104 нафари онҳо ғайринизомӣ ҳастанд.
Дастури "ҳукумати низомӣ" дар Куриёи Ҷанубӣ бекор шуд
Баъд аз эътирози порлумон, президенти Куриёи Ҷанубӣ “ҳукумати низомӣ”-ро дар ин кишвар бекор кард. Дар ин бора дафтари президент субҳи 4-уми декабр хабар дод.
Ба навиштаи хабаргузории “Рёнҳап”, дертар ин тасмим дар ҷаласаи ҳукумат ҳам тасдиқ шуд.
Шаби 3-юми декабр президенти Куриёи Ҷанубӣ дар як суханронӣ дар ин кишвар "ҳукумати низомӣ" эълон кард. Юн Сок Ёл дар порлумон бо мухолифат рӯбарӯ шуда, ваъда дод, ки нерӯҳои "зиддидавлатӣ"-ро аз байн хоҳад бурд.
Вай мухолифони худро ба ҳамнавоӣ бо Куриёи Шимолии коммунистӣ муттаҳам намуд.
Ин иқдом, ки аз солҳои 1980-ум дар Куриёи Ҷанубӣ дида нашудааст, фавран аз тарафи мухолифин ва раҳбари ҳизби муҳофизакори худи Юн маҳкум шуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Куриёи Ҷанубӣ аз тоҷикистониҳои муқими ин кишвар хост, “оромиро нигоҳ дошта, тавсияҳои мақомоти маҳаллиро риоя кунанд.”
Мақомот ҳамчунин аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостаанд, ки аз ширкат дар маъракаҳои умумӣ дар Куриёи Ҷанубӣ худдорӣ кунанд.
2 март – интихоботи нави порлумонӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, санаи интихоботи нави порлумониро эълон кард.
Фармон субҳи 4-уми декабр нашр шуд.
Бар асои он, рӯзи 2-юми марти соли 2025 дар Тоҷикистон интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешавад.
Интихобот барои аъзои нави Маҷлиси Миллӣ 28-уми марти соли 2025 мегузарад.
Вакилони ҳарду палатаи порлумони Тоҷикистон барои панҷ сол интихоб мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ сабт шудааст, ки бештарашон ҷонибдори ҳукумати феълӣ гуфта мешаванд. Онҳо ҳанӯз барои интихобот омодагии худро эълон накардаанд.
Дар интихоботҳои гузашта шикоятҳо аз тақаллуб ҷой дошт.
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки қариб ҳама интихоботҳои Тоҷикистонро назорат мекунад, ҳеч яке аз маъракаҳоро шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ накардааст.
$2,6 млрд сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар 10 сол
Давоми даҳ соли ахир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.
Ин оморро зимни ҳамоише дар Душанбе Фаррух Юсуфзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ эълон кардааст.
Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, Душанбе манфиатдор аст, ки бо сармоягузорони чинӣ, аз ҷумла, бо доираҳои тиҷоратии музофоти Синзсян ҳамкориро бештар кунад.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар"", муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба соҳибкорони чинӣ аз ислоҳот дар қонунгузории Тоҷикистон гуфтааст.
Ба гуфтаи ҳам мақомот ва ҳам коршиносон, давоми 20 соли ахир Чин ба сармоягузории асосии Тоҷикистон табдил шудааст.
Калонтарин конҳои истихроҷи маъдан дар кишвар, аз ҷумла, конҳои тилло ва нуқра дар ихтиёри ширкатҳои Чин аст. Тоҷикистон аз Чин ҳудуди 900 миллион доллар қарздор мебошад.
Аммо нигарониҳо аз шаффоф набудани қарзу сармояҳои Чин дар Тоҷикистон зиёд аст.