Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии адмирал Муллен аз Эрон


Афсари баландпояи Амрико аз вуруди нирӯҳои Эрон ба хоки Ироқ, ки бо ишғоли як чоҳи нафти Ироқ анҷомид, изҳори нигаронӣ кард. Адмирал Майк Муллен гуфт, ки ӯ дар ин бора бо вазири дифоъи Ироқ гуфтугӯ кардааст, вале масъаларо бояд худи раҳбарони Теҳрону Бағдод ҳалл кунанд.
Бовар меравад, ки нирӯҳои Эрон феълан кони нафти Факкоҳ , дар наздикии марзи Ироқу Эронро тарк карда бошанд.
Сухангӯи давлати Ироқ Алӣ Даббоғ гуфт, нирӯҳои Эрон бар фарози ин кон парчами Эронро зада, сипас ҳамагӣ 50 метр ақиб нишастанд. Ӯ афзуд, ки вале Бағдод аз онҳо тақозо кардааст, минтақаро комилан тарк кунанд. Даббоғ гуфт, як куммиссиюни муштарак бояд акнун ба таъйин ва аломатгузории марзи Ироқу Эрон шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG