Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон се донишҷӯи амрикоиро муҳокима мекунад


Эрон се шаҳрванди Амрикоро, ки бештар аз чаҳор моҳи пеш дастгир карда буд, ба ҷосусӣ муттаҳам намудааст. Дар ин бора имрӯз Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон дар як нишасти хабарӣ эълом дод. Се донишҷӯи амрикоӣ, моҳи июли соли равон баъди вуруди ғайриқонунӣ ба хоки Эрон дастгир шуданд. Хонаводаҳояшон мегӯянд, ки он донишҷӯён ҳангоми саёҳат дар шимоли Ироқ нодониста ба қаламрави Эрон ворид шудаанд. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ҳеҷ далеле барои иттимоҳоти ворида алайҳи се донишҷӯ вуҷуд надорад ва аз Эрон хостааст, онҳоро раҳо кунад.
XS
SM
MD
LG