Бино ба иттилои "Интерфакс"- хабаргузории Русия, дар ояндаи наздик интиқоли гази Туркманистон тавассути лулаи Туркманистон-Чин оғоз мешавад. Имруӯз раҳбарони кишварҳои ширкаткунанда дар сохтмони ин лулаи газ, яъне Туркманистону Қазоқистон ва Чин дар маросими гушоиши ин лулаи газ ширкат мекунанд. Дар ин маросим Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбекистон низ ширкат мекунад. Вай дирӯз барои боздиди дурӯза вориди Ашқобод шуд ва бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.