Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи барқи обии Қирғизистон аз кор монд


Дар Қирғизистон бар асари нуқси фаннӣ дар як генератори нерӯгоҳи бузурги барқии кишвар, тавлиди нерӯ тақрибан ним баробар кам шудааст. Як намояндаи ширкати давлатии энержии Қирғизистон гуфт, ду генератори нерӯгоҳи барқи обии Токтогул, аз кор мондааст ва онҳо умедворанд, дар зарфи як ҳафта мушкили мазкурро бартараф хоҳанд кард. Тақрибан чиҳил дар сади ниёзҳои Қирғизистон бо нерӯи барқро таъмин мекунад. Баъди хориҷ шудани Ӯзбакистон аз шабакаи ягонаи тақсими нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ дар аввали моҳи декабр, шабакаҳои барқии заъифи кишварҳои минтақа ба таври мустақил фаъолият мекунанд. Дар Тоҷикистон низ чанде баъди садамае, нисфи кишвар барои чанд соат бе нерӯи барқ монд.
XS
SM
MD
LG