Раиси Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Жак Диуф аз эъломияи ниҳоии конфаронси Рум оид ба мубориза бо гуруснагӣ интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ин санад барои андешидани чораҳои оҷили аз байн бурдани гуруснагӣ даъват шудааст ва аммо ягон пешниҳоди мушаххас дар ин бора ва мӯҳлати аниқи ҳалли мушкилот мавҷуд нест. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, аҳли нишасти Рум ҳамчунин пешниҳоди СММ барои ҳамасола тахсис додани 40 миллиард доллар ба хотири кумак ба бахши кишоварзии кишварҳои дар ҳоли рушдро рад кардаанд. Тибқи арзёбиҳои СММ, айни ҳол беш аз як миллиард сокинони сайёра аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд.