Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар маросими Форт Ҳуд ширкат хоҳад кард


Интизор меравад, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар маросими ёдбуди 13 сарбоз ва афроди дигари кушташуда дар пойгоҳи низомии Форт Ҳуд дар аёлати Техас ширкат кунад.
Ин афрод рӯзи 5 ноябр аз ҷониби майор Нидал Малик Ҳасан, ки дар артиш ҳамчун равоншинос адои хидмат мекард, кушта шуданд. Худи Малик Ҳасан ҳамчунон дар бемористон таҳти муолиҷа қарор дорад, вале феълан ба ҳуш омадааст.
Дафтари федеролии тафтишоти Амрико гуфт, бо вуҷуди иртиботаш бо имоми тундрав Анвар ал-Авлокӣ, таҳқиқот ба ин натиҷа расидааст, ки Малик Ҳасан “дар фаъолиятҳои террористӣ ваё сӯъиқасди террористӣ даст надошт.”
Гузоришҳо Малик Ҳасан, фаластиниюласли зодаи Амрикоро ҳамчун мухолифи шадиди вуруди нирӯҳои Амрико ба Ироқу Афғонистон ба қалам медиҳанд.
XS
SM
MD
LG