Дар семинари дурӯза, ки субҳи имрӯз дар Душанбешаҳр ба кор оғоз кард, намояндагони кишварҳои минтақа ва ҳамчунин коршиносони созмонҳои байнулмилалӣ масоили коркард ва истифода аз сарчашмаҳои алтернативии энержӣ, аз ҷумла нерӯи барқи офтобӣ, бодӣ ва тавлиди сухт аз партовҳои набототро арзёбӣ мекунанд.
Дар рӯзи аввали ин семинар Алексей Поснов, намояндаи созмони ҷамъиятии «Акнема»-и Қирғизистон, ки ба роҳандозии технологияи нави энержӣ сарукор дорад, истифода аз нерӯгоҳҳои хурди то 5-10 ваттиро барои шароити деҳот дар минтақа роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони барқ номид.
НамояндаиТуркманистон иброз кард, ки дар ин кишвар истифодаи нерӯи офтоб матраҳ аст ва ҷониби Туркманистон омода аст, барои роҳандозии технологияи барқи офтобӣ дар дигар кишварҳои минтақа мусоидат кунад.
Шодӣ Шабдолов, намояндаи порлумони Тоҷикистон, дар ин семинар гуфт, дар Тоҷикистон низ аз нерӯи офтоб дар даҳаи 80-и қарни гузашта низ истифода мекарданд. Вале дар он солҳо технологияи ба барқ табдил додани нерӯи офтоб зиёд матраҳ набуд, зеро Тоҷикистон аз нерӯи барқи обӣ бештар истифода мекард ва мушкили бебарқӣ надошт.
Оқои Шабдолов гуфт, коршиносон ва марказҳои тадқиқотӣ як тарҳи қонун дар бораи пажӯҳиш ва истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энержиро омода карда, барои баррасӣ ба порлумон ироа намудаанд. Ва дар сурати қабули ин қонун, Тоҷикистон ба омӯзишу роҳандозии нерӯи офтобӣ ва бодӣ шурӯъ хоҳад кард.