Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи иллатҳои садамаи "Норак-Регар"


Муҳандисони тоҷик иллатҳои садамаеро таҳқиқ мекунанд, ки сабаби барои чанд соат маҳрум шудани Тоҷикистон аз нерӯи барқ шуд. Бино ба гузоришҳои расмӣ, аз кор мондани шабакаи баландшиддати нерӯи барқи Норак – Регар сабаб шуд, то фаъолияти нерӯгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи азими барқи обии Норакро барои муддати кӯтоҳе боздоранд. Садама бомдоди душанбе рух додааст ва ба ғайр аз муҳимтарин иншооти кишвар дигар тамоми мардуму корхонаҳо аз нерӯи барқ маҳрум шуданд. Ширкати “Барқи Тоҷик” аз мардуми Тоҷикистон хостааст, ба гуфтаи ширкат “ бо дарки вазъи энергетикии кишвар” нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд.
XS
SM
MD
LG