Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи кулоҳҳои Осиёи Марказӣ дар Боку


5-ӯми ноябр дар Боку-пойтахти Озарбойҷон намоишгоҳи кулоҳҳо ё каллапушҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гушоиш меёбад. Дар ин бора ожонси иттилоъотии Татар-Информ хабар додааст. Ин ашёи намоиширо, ки музеҳои Виктория ва Алберти Лондон пешкаш кардаанд, дар музеи давлатии Озарбойҷон ба намоиш мегузоранд. Дар намоишгоҳ 58 ашё, яъне кулоҳҳо аз кишварҳои мухталифи Осиёи Марказӣ ба намоиш медароянд. Ба эҳтимоли зиёд кулоҳҳои тоҷикии даврони мухталиф ба ин силсила шомиланд.
XS
SM
MD
LG