Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Ҳолати изтирорӣ дар пайи хуруҷи зукоми хукӣ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар робита ба хуруҷи зукоми хукӣ дар ин кишвар ҳолати изтирорӣ эълон кардааст.

Ҳадафи ин тасмим ҷилавгирӣ из тавсеаи шадиди ин беморӣ тайи рӯзҳои ахир дар Амрико ва расонидани кумаки фаврӣ ба гирифторони сершумори зукоми хукӣ гуфта мешавад.

Ҳукумати Амрико барои 200 миллион шаҳрванди ин кишвар дорувории зидди зуком омода кардааст, ки интизор меравад, тайи ду моҳ онҳо эмгузаронӣ шаванд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти беҳдоштии ИМА эълон карданд, ки зукоми хукӣ дар 46 иёлати ин кишвар паҳн шудааст ва ҳоло ҳудуди 20 ҳазор нафар дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор доранд.

Тайи якчанд моҳи зуҳури зукоми хукӣ дар Амрико беш аз ҳазор нафар даргузаштаанд, ки беш аз сад нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG