Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин рӯзи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав


Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи охирини сафари давлатӣ ба Русия бо ҷамъиятҳои тоҷикон мулоқот намуда, аз Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Русия дидан мекунад.

Интизор меравад, ки ҳангоми боздид аз ин пажӯҳишгоҳ ба оқои Раҳмон унвони доктори ифтихории илм супурда шавад.

Дар рӯзи аввали сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ӯ бо Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар Кохи Кремл доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

Вале гуфта мешавад, масъалаҳои наҳваи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва сарнавишти нерӯгоҳи Роғун, ки қаблан аз сӯи коршиносони тоҷику рус ҳамчун мавзӯъҳои калидии ин мулоқот пешбинӣ мешуданд, баррасӣ нагаштаанд.

Наҳваи ҳузури пойгоҳи Русия бетағйир мемонад

Баъд аз мулоқоти раисони ҷумҳури ду кишвар Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия, ба хабарнигорон гуфтааст, ки масъалаи шарту шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар мулоқоти ҳар ду раисиҷумҳур баррасӣ нашудааст, зеро ин ду кишвар то соли 2014 дар бораи шароити истиқрори ин пойгоҳ дар Тоҷикистон байни ҳам қарордод доранд.

Оқои Сердюков афзудааст, ҳоло як гурӯҳи корӣ бо раҳбарии вай ва вазири хориҷаи Тоҷикистон дар бораи наҳваи ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон қарордоди нав омода мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин қарордод равшан хоҳад шуд, ки барои ҳузури пойгоҳ Русия ба Тоҷикистон пардохт хоҳад кард ё на.

Тоҷикистон қарзи «Сангтӯда-1»-ро пардохт мекунад

Яке аз мавзӯъҳои матраҳшуда дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энержӣ будааст.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ҷадвали замонии пардохти қарзҳои Тоҷикистон барои истифода аз нерӯи барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки бо сармояи Русия сохта шудааст ва Маскав соҳиби аксари саҳмияҳои ин нерӯгоҳ мебошад, таҳия шудааст. Дар ин бора вазири энержии Русия ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст.

Аз оғози моҳи январи соли 2009 то ҳол Тоҷикистон барои истифода аз нерӯи барқи «Сангтӯда-1» аз Русия 30 миллион доллар қарздор шудааст. Вазири энержии Русия гуфтааст, ҷадвали замонии пардохти қарз ҷониби Русияро қонеъ мекунад.

Мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон

Мавзуи дигаре, ки дар меҳвари гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев қарор дошт, мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон буд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар поёни мулоқот бо ҳамтои русаш ба рӯзноманигорон гуфт, забони русӣ дар Тоҷикистон ба унвони забони муоширати миёни миллатҳои муқими ин кишвар боқӣ хоҳад монд. Вай афзуд, баъд аз тасвиби "Қонун дар бораи забони давлатӣ дар Тоҷикистон", яъне забони тоҷикӣ расонаҳои хабарӣ перомуни мақоми забони рӯсӣ дар Тоҷикистон ба ифрот роҳ додаанд.

Оқои Раҳмон гуфт, мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон дар Қонуни Асосии ин кишвар таъйин ва бидуни тағир боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ӯ, баъзе хабаргузориҳо навиштаанд, ки забони русӣ дар Тоҷикистон таҳқир шудааст, вале ин идао аз реша дуруст нест.
XS
SM
MD
LG