Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон ба истеъфо рафт


Ҳукумати нахуствазири Қирғизистон Игор Чудинов имрӯз ба истеъфо рафт. Таҳаввулоти мазкур баъди он иттифоқ уфтод, ки субҳи имрӯз раиси ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев дар бораи роҳандозии ислоҳоти густардаи маъмурӣ, аз ҷумла ихтисор шудани чанд сохтори давлатӣ эълон кард. Дар миёни онҳо, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳам ҳаст, ки акнун мақоми як сохтори ҳукуматиро аз даст медиҳаду ба тобеияти раиси ҷумҳурӣ мегузарад. Боқиев аллакай истеъфои ҳукуматро пазируфтааст. Сухангӯи президент дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки дар нишасти қарибулвуқӯи ҳизби ҳокими “Оқ Ҷӯл” масъалаи интихоби кабинаи нави ҳукуматӣ баррасӣ хоҳад шуд. Чудинов соли 2007 дар паи интихоботи баҳсбарангези парлумонӣ раҳбарии ҳукуматро дар Қирғизистон ба дӯш гирифт. Раҳбари мухолифини Қирғизистон Азимбек Бекназаров ин тасмимро интиқод карда гуфт:

“Боқиев унвони сохторҳои ҳукуматиро дигар карду аммо шумори онҳо ҳамон аст, ки буд. Аз ин хотир ман фикр намекунам, ки ин ҷо як ислоҳот сурат мегирад. Ин як тақаллуби маъмулии дигар аст, ки ба мардум вонамуд кунад, ки гӯё ислоҳот ба роҳ монда шудааст. Ин амал собит мекунад, ки танҳо ба хотири тавсеаи салоҳиятҳои президент анҷом шудааст”.

Вай гуфт, ки ҳамакнун қудрати Боқиев ба ҳайси раҳбари давлат бештар тақвият меёбад.
XS
SM
MD
LG