Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон намояндаи Покистонро ба вазорат эҳзор кард


Вазорати умури хориҷаи Эрон намояндаи Покистон дар Эронро дар робита бо бамгузории фоҷеъабор бар зидди Сипоҳи Посдорон ба вазорат эҳзор ва идао кард, ононе ки дар паси ин бамгузорӣ қарор доранд, аз хоки Покистон истифода мебаранд. ИСНО-хабаргузории донишҷӯёни исломии Эрон иттилоъ додааст, ки вазорат изҳори таассуф карда ва гуфтааст, аъзои гурӯҳи террористӣ, ки дар ин табаҳкорӣ даст доранд, аз хоки Покистон вориди Эрон шудаанд. Дар ин бамгузорӣ дар ҷануби шарқи Эрон 31 нафар аз низомиёни Сипоҳи Посдорон кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо , дастикам, 5 нафар фармондеҳони аршади ин сипоҳ низ будаанд. Бино ба гузоришҳо, як гурӯҳи махфии суннӣ бо номи Ҷундуллоҳ ё сарбозони худо масъулияти ин ҳамла дар вилояти Систон-Балуҷистони Эронро бар ӯҳда гирифтааст. Ин вилоят бо Покистону Афғонистон ҳаммарз мебошад.
XS
SM
MD
LG