Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони бекорӣ дар ҷаҳон афзоиш нахоҳад ёфт


Сандуқи байнулмилали пул изҳор намуд, ки тайи 8-12 моҳи оянда бекорӣ дар кишварҳои олам афзоиш нахоҳад ёфт. Ҳамзамон раиси ин ниҳоди бонуфузи молӣ Доминик Стросс-Кан гуфт, ки барқарор кардани сатҳи қаблии шуғли аҳолӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд назар ба кишварҳои рушдкарда мушкилтар хоҳад буд. Изҳороти Стросс-Канн дар як нишасти хабарӣ дар Истамбул дар арафаи нишасти муштараки Сандуқи байнулмиллалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ садо дод, ки имрӯз шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG