Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ёдбуди қурбониёни 9/11 дар Амрико


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико раёсати маросими гиромидошти хотираи қурбониёни ҳодисаҳои 11-ӯми сентябри соли 2001-и Амрикоро бар ӯҳда дошт. Вай гуфт, Амрико ҳеҷ гоҳ дар мубориза бар зидди ал Қоида пешпо нахоҳад хӯрд:

"Иҷоза диҳед дар тасмими худ бар зидди ононе, ки ин амали ваҳшиёнаро анҷом доданд ва бар зидди ононе, ки то ҳол бо мо хусумат меварзанд, таҷдиди назар кунем. Мо дар дифоъ аз миллати худ ҳеҷ гоҳ дудила нахоҳем шуд. Дар таъқиби ал Қоида ва муттаҳидони тундгарои он ҳеҷ гоҳ пешпо нахоҳем хӯрд".

Ҳангоме, ки ҳавопаймоҳои рабудашуда ба биноҳои Маркази Тиҷоратии Ҷаҳон, ба Пентагон ва ба заминҳои Пенсилвания бархӯрданд, тақрибан 3000 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG