Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ байни шаҳрвандони тоҷик дар Маскав


Бар асари тирандозӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди маркази тиҷоратии “Эмирал” дар ҳошияи МКАД, масири аслии давродаври Маскав, 5 нафар захмӣ шудаанд. Сухангӯи идораи умури дохилаи Маскав Максим Колосветов гуфтааст, ки 4 нафар дар ин задухӯрд захми тир ва якеи дигар захми корд бардошта, ба бемористон мунтақил шудаанд. Гуфта мешавад, низоъи байни атбоъи Тоҷикистон дар ҳавлии маркази “Эмирал” ба далоили ҳанӯз норӯшан ба тирандозӣ мунҷар шудааст.
XS
SM
MD
LG