Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлис 18 вазирро пазируфт, серо рад кард


Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон имрӯз аз 21 номзад ба кобинаи нави вазирони раиси он ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод номзадии 18 нафарро таъйид, вале 3 нафарро рад кард. Аксарияти кулли вакилони Маҷлис аз ҷумла аз номзадии Аҳмад Ваҳидӣ ба симати вазири дифоъи Эрон пуштибонӣ карданд. Ваҳидӣ, ки аз 290 раъйи мумкин 276 раъйи мувофиқро ба даст овард, бо иттиҳоми даст доштан дар бомбгузории соли 1994 алайҳи як маркази яҳудӣ дар Буэнос-Айрес, ки 85 кушта бар ҷой гузошт, аз ҷониби Аргентина таҳти пайгарди байналмилалӣ гузошта шудааст.
Маҷлис аммо номзадҳо ба вазоратхонаҳои энерживу ҳифзи иҷтимоӣ ва маорифро радд кард. Ду номзади ахир зан буданд.
Ба ин тартиб, аз 3 номзади зан ба узвияти кобинаи Аҳмадинажод танҳо як нафар – вазири ҳифзи сиҳҳат раъйи мувофиқи парлумонро ба даст овард. Марзияи Ваҳиддастҷирдӣ ба ин тартиб, нахустин вазири зан дар Эрон баъд аз инқилоби исломии соли 1979 шуд.
XS
SM
MD
LG