Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бамгузоре, дастикам, 3 пулисро дар Чеченистон кушт


Як бамгузори интиҳорӣ дар Чеченистон, дастикам, се кормади пулисро ба қатл расондааст. Руслан Алханов-вазири умури дохилаи Чеченистон гуфтааст, дар ин ҳамла, ки дар як деҳ дар 20 километрии Грозний рух додааст, як корманди дигари пулис маҷруҳ шудааст. Аммо матбуоти Русия гузориш додааст, ки дар ин ҳодиса 4 нафар кушта шудаанд. Рӯзи ҷумъа низ ду бамгузори интиҳорӣ 4 пулисро куштанд. Владимир Путин-нахуствазири Русия рӯзи душанбе эълон кард, ки барои музокира бо Рамазон Қодиров-раиси ҷумҳури Чеченистон, ки барои нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам дониста мешавад, ба Чеченистон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG