Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак меҳмони Барак Обама


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз дар шаҳри Вашингтон бо Ҳуснӣ Муборак – ҳамтои мисрии худ дидору мулоқот мекунад, ки тайи шаш соли ахир бори аввал аст, аз Амрико боздид анҷом медиҳад. Кохи Сафед гуфт, ин мулоқот баёнгари идомаи расидагии Амрико ба масоили Ховари Миёна аст. Ҳукумати Барак Обама ҷидду ҷаҳд дорад, то музокироти шахшудаи сулҳи Ховари Миёна аз сар гирифта шавад. Вашингтон ба кишварҳои арабӣ фишор ворид кардааст, ки бо бардоштани қадамҳое дар ростои оддӣ кардани равобит бо Исроил, ин кишварро ба муттавақиф намудани шаҳраксозӣ дар қаламравҳои ишғолӣ ташвиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG