Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба Эрон гази бештар содир мекунад


Муовини сарвазири Туркманистон Боймурод Хоҷамуҳаммадов мегӯяд, ки то охири соли равон Туркманистон сохтмони лӯлаи гази табиӣ ба Эронро такмил хоҳад кард. Ин лӯла гази кони Давлатободро ба Эрон содир мекунад. То ин замон гази Давлатобод фақат ба Русия содир мешуд. Моҳи гузашта Туркманистон эълон кард, ки содироти солонаи газ ба Эронро аз 8 миллиард метри мукааб то ба14 миллиард метри мукааб афзоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG