Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод ҳалокати шаш эронӣ дар Ироқро таъйид кард


Сухангӯи ҳукумати Ироқ ҳалокати шаш эронӣ дар бархурди дурӯза бо нерӯҳои амниятии Ироқ дар қароргоҳи Созмони муҷоҳидини халқи Эрон дар шимоли Бағдодро тайид кард. Ва аммо сухангӯи ин Созмон иттилоъ додааст, ки дар ин ҳодиса 7 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Қароргоҳи Ал-Ашраф, воқеъ дар дар шимоли Бағдод, соли 1980 барои мусаллаҳони эроние бунёд шуда буд, ки ба Саддом Ҳусейн дар ҷанг бо Эрон кумак мекарданд. Ироқ мегӯяд, ки мехоҳад аъзои Созмони муҷоҳидини халқи Эронро аз кишвар берун кунад. Сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ Ал-Даббоғ истифодаи нерӯҳои вижа дар амалиёти рӯзи сешанберо рад кард ва аммо гуфт, ки дар задухурд дар қароргоҳ 35 корманди полиси ироқӣ маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG