Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Эрон мухолифинро ба додгоҳ мекашанд


Ин ҳафта мурофиаи додгоҳии тақрибан 20 тан аз ширкаткунандагони намоишҳои эътирозии мухолифини Эрон шурӯъ мешавад. Ба иттилоъи хабаргузории расмии Эрон ИРНА, мақомот ин афродро дар ҳамла ба кормандони полис, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ, робита бо гурӯҳҳои террористӣ ва “дар ихтиёри расонаҳои душман гузоштани аксу наворҳои видеоӣ” айбдор мекунанд. Ин нахустин мурофиаи додгоҳии ҷонибдорони мухолифини Эрон баъд аз саркӯбшавии тазоҳурот алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июни соли равон аст.
Дирӯз мақомоти Эрон ҳамчунин хабар доданд, ки 140 тан аз намоишгарони боздоштшуда раҳо карда шуданд. Ҳамчунин раҳбари рӯҳонии кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ барои бастани маҳбаси Каҳрезак амр содир намуд. Тибқи баъзе хабарҳо, ҷонибдорони мухолифини бар асари саркӯбсозии тазоҳуроти моҳи гузашта дастгиршуда дар ин маҳбас нигаҳ дошта мешуданд. Козим Ҷалолӣ, намояндаи комиссиюни Маҷлис оид ба тафтиши вазъи боздоштшудаҳо гуфт, ки маҳбаси Каҳрезак ба риояи ҳуқуқи ин афрод мутобиқ нест.
XS
SM
MD
LG