Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раисиҷумҳури Руминистон ба Ишқобод


Раисиҷумҳури Руминистон Траян Басеску бо як сафари расмӣ дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, ба сар мебарад. Ӯ шоми дирӯз бо ҳамтои туркманаш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард. Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки Туркманистон дар пайи садамаи моҳи апрел дар лӯлаи газе, ки ин кишвари саршор аз манобеъи газро бо Русия мепайваст, талошҳояш ба хотири сохтани хутути нави содироти гази табиияш ба Чину Эронро бештар кардааст.
Туркманистон, ки газашро дар гузашта одатан тавассути Русия мефурӯхт, дар он таркиш ширкати давлатии “Газпром”-и Русияро айбдор кард.
XS
SM
MD
LG