Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди раиси ҷумҳурии Латвия аз Тоҷикистон


Боздиди расмии раиси ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс аз Тоҷикистон идома дорад. Вай имрӯз бо ҳамтои тоҷикистониаш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Тибқи барномаи расмии сафар, ӯ шоми имрӯз қарор аст бо раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва нахуствазир Оқил Оқилов дидору гуфтугӯ кунад. Рӯзҳои 12 ва 13 июли соли ҷорӣ оқои Затлерс аз шаҳрҳои Хуҷанду Турсунзода дидан ва инчунин шоми 13 июл, тибқи иттилои "Ховар", дар як ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Латвия дар Душанбе суханронӣ хоҳад кард. Сафари давлатии раиси ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон рӯзи 14 июл хотима меёбад.
Равобити дипломатии Тоҷикистону Латвия соли 1994 оғоз гардида, ин аввалин сафари раҳбари як ҷумҳурии Назди Балтика ба Тоҷикистон дар мӯҳлати 15 соли охир мебошад.
XS
SM
MD
LG