Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 миллион доллар кумаки БОР ба Тоҷикистон


Бонки Осиёии рушд (БОР) барои ҳимоят аз бахшҳои иҷтимоии буҷаи Тоҷикистон, ки бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ маболиғи он аз сӯи ҳукумати ин кишвар коҳиш дода шудааст, 40 миллион доллар кумаки ройгон ҷудо кард. Дар гузориши Бонки Осиёии рушд гуфта шудааст, ки даромади буҷаи яке аз фақиртарин кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асари пойин рафтани қимати маҳсулоти аслии содиротии кишвар – алюминий ва пахта ва ҳамчунин бино ба коҳиш ёфтани интиқоли маблағ аз сӯи муҳоҷирони корӣ кам шудааст.
Шурӯъ аз соли 1998 БОР ба маблағи 500 ҳазор доллар қарз ваё кумаки ройгонро дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон гузоштааст.
XS
SM
MD
LG