Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 нафар дар инфиҷоре дар Покистон кушта шуданд


Пулиси Покистон мегӯяд, дар инфиҷори баме дар Балуҷистони ҷанубӣ дастикам 4 нафар кушта, чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Ин минтақа бо Афғонистон ва Эрон ҳаммарз мебошад. Инфиҷор дар ноҳияи Калот, ки роҳи Кветта-маркази аёлати Балуҷистон ба сӯи Карчӣ аз он ҷо мегузарад, сурат гирифтааст. Пулис мегӯяд, ки эҳтимол дорад, дар ин инфиҷор мошинҳои ҳомили кӯмак ба нируҳои НАТО ҳадаф қарор гирифта бошанд.
XS
SM
MD
LG