Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 сарбози Амрико дар шарқи Афғонистон


Бар асари ду бомбгузории алоҳида дар Афғонистон 4 сарбози Амрико кушта шуданд. Сухангӯи нирӯҳои Амрико гуфт, ин ду таркиш дар манотиқи ҷудогона, вале начандон аз ҳамдигар дур рух доданд. Ин 4 сарбози кушташудаи Амрико дар шарқи Афғонистон дар ҳайъати нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти ин кишвар таҳти фармони НАТО амал мекарданд. Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, теъдоди ҳамалот дар Афғонистон назар ба соли гузашта 25 дарсад боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG