Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳандаи узбак ба додгоҳ кашида шуд


Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 19-уми май баррасии парвандаи ҷиноии Шералӣ Ҳамдамов, яке аз паноҳандагони узбакро шурӯъ намуд.

Ин паноҳанда тибқи чаҳор моддаи Қонуни кайфарии ҷумҳурии Қирғизистон ба додгоҳ кашида шудааст. Ба гуфтаи Сартбай Ҷайчибеков, вакили мудофеи Шералӣ Ҳамдамов, кормандони умури интизомӣ нафари таҳти ҳимояти ӯро моҳи феврали соли равон дар шаҳри Бишкек боздошт кардаанд. Вакили мудофеъ афзуд, ин дар ҳолест, ки Шералӣ Ҳамдамов мандати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагонро дар даст дорад.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, додситонӣ Шералӣ Ҳамдамовро дар узвият ба созмони тундгарои «Ҳизби таҳрир», кӯшиши аз роҳи зурӣ ғасб намудани ҳукумати конститутсионӣ, убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон ва дар барангехтани низоъҳои қавмӣ ва мазҳабӣ муттаҳам намуд. Оқои Ҷайчибеков гуфт, вале ба ақидаи ӯ, кормандони умури интизомӣ Шералӣ Ҳамдамовро хилофи қонунгузориҳои кишвараш ба ҳабс гирифтаанд.

Бино ба суханони Сартбай Ҷайчибеков, аз ҷумла ходимони милиса зимни боздошти ин паноҳандаи узбак ба иштибоҳҳо роҳ додаанд. Вакили мудофеъ мегӯяд, кормандони умури дохила қабл аз боздошт мебоист дар муқобили паноҳандаи узбак парвандаи ҷиноӣ боз мекарданд ва вайро таҳти пайгарди қонунӣ қарор медоданд.

Ба гуфтаи Сартбай Ҷайчибеков, гузашта аз ин мусодираи абёти муҳтавои тундравона, ки ба гуфтаи ходимони милиса, аз манзили Шералӣ Ҳамдамов мусодира кардаанд, бидуни ширкати муфаттиш сурат гирифта, дар ҷои ҳодиса ба расмият низ дароварда нашудааст. Оқои Ҷайчибеков мӯътақид аст, ки ба нафари таҳти ҳимояти вай нисбат додани ин абёт яке аз унсурҳои фаъолияти кормандони милисаи кишварашро ташкил мекунад.

Дар ҳамин ҳол Тошпӯлод Йӯлдошев, яке аз шоҳидони мурофиаи додгоҳӣ, мегӯяд, делелҳои вакили додситонӣ дар мавриди айбдор кардани Шералӣ Ҳамдамов комилан ботил баромад. Вай гуфт, аммо ин паноҳанда таъйид кард, ки адабиёти диниро мутолиа кардааст ва ин адабиёт дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бишкек озодона фурӯхта мешаванд.

Воқеан додрасон пеш аз қатъи баррасии парвандаи Шералӣ Ҳамдамов аз вакили додситонӣ тақозо намуд, ки ин парванда дубора мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор гирад. Вакили додрасонӣ гуфт, баъди гирдоварии далелҳои қотеъ ва шоҳидони ҳодиса вай баррасии парвандаи мазбурро дубора аз сар хоҳад гирифт.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, дар арафаи интихоботи президентӣ ба маҳбас кашидани ашхосе, ки дар даст мандати паноҳандаи СММ-ро доранд, эътибори президент Боқиевро дар назди ҷомеаи ин кишвар коҳиш хоҳад дод. Ба гуфтаи коршиносон дафтари СММ дар умури паноҳандагон ҳатман аз Шералӣ Ҳамдамов ҳимоят хоҳад кард.

Ба ин тартиб қарор аст, ки муҳокимаи парвандаи ҷиноии Шералӣ Ҳамдамов 29 май дубора аз сар гирифта хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки ин паноҳандаи узбак зодаи ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони Узбакистон мебошад ва ҳамагӣ 21 сол дорад. Ба гуфтаи Шералӣ Ҳамдамов вай ба манзури раҳоӣ аз дасти кормандони органҳои ҳуқуқ ва тартиботи кишвараш вориди марзи Қирғизистон шудааст ва азм дорад, ки ба кишвари севвум биравад.
XS
SM
MD
LG