Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 Толиб дар вилояти Ҳилманд кушта шудаанд


Пулис ва мақомоти расмии вилояти Ҳилманд гуфтаанд, дар ҷараёни як даргирӣ дар ин вилоят 22 шӯришии Толиб кушта шудаанд. Довуд Аҳмадӣ-сухангӯи вилоят гуфтааст, ҷангиёни Толиб рӯзи панҷшанбе ба ду посгоҳи пулис дар деҳаи Навзод ҳамла бурдаанд ва назорат бар онро ба даст даровардаанд. Бо ин ҳамла Толибон афсарони посгоҳро водор ба фирор кардаанд. Дар посух ба ин ҳамлаи Толибон амалиёти муштараки нируҳои ҳавоии Амрико ва пулиси Афғонистон анҷом гирифтааст. Аз нируҳои Афғонистон дар ин ҳамла касе кушта нашудааст.
XS
SM
MD
LG