Попи Рум Бенедикти 16 гуфт, ки умедвор аст Калисои католикӣ метавонад дар ҷараёнҳои сулҳи Ховари Миёна нақше бозӣ кунад. Ӯ рӯзи ҷумъа дар чаҳорчӯби нахустин сафари худ ба давлатҳои Араб вориди Урдун шуд. Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар рӯзи аввали зиёрати ҳаштрӯзааш аз Заминҳои муқаддас вориди Урдун шуда қарор аст баъдан аз Исроил ва манотиқи Фаластинӣ низ дидан кунад. Поп Бенедикт гуфтааст зиёрати ӯ "сулҳофарин" мебошад, аммо бо вуҷуди ин дар дохили минтақа бархе изҳороти соли 2006-и вайро ёд доранд, ки ба дини Ислом ҳамчун як мазҳаби хушунатомез ишора карда буд.