Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи низомӣ дар Венесуэло суқут кард


Дирӯз як чархболи низомии Венесуэло ҳангоми гаштзанӣ дар марз бо Колумбия суқут кард ва 18 нафар сарнишинони он ба ҳалокат расиданд. Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэло гуфт, дар миёни кушташудагон чанд нафар мақомоти низомӣ ва ғайринизомиён будаанд. Вай дар бораи сабабҳои суқути чархбол чизе нагуфтааст. Венесуэло бо Колумбия марзи тулонӣ дорад, ки аз кӯҳистонҳову ҷангалҳо иборат аст. Аз ин марз гурӯҳҳои шуришӣ ва қочоқгарони маводи мухаддир зуд-зуд ва ғайриқонунӣ убур мекунанд.

XS
SM
MD
LG