Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА омодаи кӯмак ба Покистон аст


ИМА шурӯи амалиёти амниятии Покистонро зидди ҷангиёни Толибон дар минтақаи шимолу ғарби Исломобод истиқбол кард. Сухангӯи вазорати дифои Амрико Ҷефф Морелл оғози амалиётро дар манотиқи Бунер ва Дир ҳамчун посухи "муносиб" ба Толибон ситоиш кардааст. Вай гуфт, ки ИМА Покистонро барои идомаи амалиёт ташвиқ мекунад ва дар сурати зарурӣ омода аст дасти кӯмаки худро низ дароз кунад. Ҷефф Морелл гуфт:

"Назари мо чунин аст амалиёти низомие, ки ҳоло дар манотиқи Бунер ва Дир ҷараён дорад, посухи муносибест ба ҳуҷумҳои Толибон ва ҷангиёни дигар, ки дар ҳафтаҳои охир вусъат меёбад. Мо ин амалиётро хеле зиёд пуштибонӣ мекунем ва омода ҳастем, ки ҳаддалимкон кӯмаки худро дареғ надорем".

Тибқи хабарҳо, нирӯҳои покистонӣ бо кӯмаки ҳаво рӯзи сешанбе амалиёти зиддиҷангиёнро дар Бунер шурӯъ карданд. Низомиёни покистонӣ мегӯянд, ки то ҳол дар натиҷаи амалиёт дар Дири Поён 75 ҷангӣ ва 10 узви нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Ҷангиён баъди он вориди минтақа шуданд, ки ҳукумат бо ташкили қонуни шариат дар минтақаи Свот розӣ шуд, аммо ҷангиён талош карданд нуфузи худро дар манотиқи атроф низ тавсеа бахшанд. Мунаққидон гуфтанд, ки ҷангиён аз ин созиш боз ҳам далертар шуданд.
XS
SM
MD
LG