Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Раҳмон бо Медведев


Руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев рӯзи сешанбе дар як гуфтугӯи телефонӣ натиҷаҳои нишасти сарони гурӯҳи Ҷӣ20 дар Лондон ва масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Бахши аъзами гуфтугӯ, бино ба ахбори расмӣ, марбут ба сохтмони нирӯгоҳи аввали Сангтӯда будааст ва ду раҳбар тавофуқ кардаанд, ки расми ифтитоҳи ин нирӯгоҳ дар моҳи май дар ҳузури ҳарду раҳбар баргузор шавад. Эҳдоси ин нирӯгоҳ асосан бар пояи маблағгузории Русия анҷом мешавад. Раҳмон ва Медведев ҳамчунин пиромуни тезондани суръати иҷрои барномаҳои ширкати “Газпром” дар 4 кони гази Тоҷикистон, таъсиси квотаҳои иловагӣ барои толибилмони тоҷик дар макотиби олии Русия ва ифтитоҳи бахшҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон тавофуқ кардаанд.
XS
SM
MD
LG