Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори ҷаҳоне бе силоҳи ҳастаӣ шуд


Президенти Амрико, Барак Обама мегӯяд, дар суханронияш дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, рӯзи якшанбе, барои бунёди ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ даъват хоҳад кард. Аз ин нақшаи худ, Обама дар Страсбурги Фаронса хабар дод. Вай дар ин ҷо дар таҷлил аз 60-умин солгарди таъсиси Паймони Атлантики Шимолӣ ширкат мекунад. Обама гуфт, бо вуҷуди он ки ҷанги сард ба поён расидааст, густариши силоҳи ҳастаӣ ва ё қочоқи маводи ҳастаӣ метавонад ба маҳви комили ин ё он шаҳр дар сайёра сабаб гардад.
XS
SM
MD
LG