Русия тасмим гирифтааст, ки содироти нафтро коҳиш ва истифодаи онро дар дохили кишвар афзоиш диҳад. Дар ин бора муовини сарвазири Русия Игор Сечин дар арафаи нишасти вазирони энерҷии кишварҳои узви ОПЕК – Созмони мамолики содиркунандаи нафт, хабар дод. Игор Сечин ҳайати Русияро дар ин нишаст раҳбарӣ мекунад. Муовини сарвазири Русия афзуд, ки Маскав тасмими пешини худ дар бораи дар ихтиёри ширкатҳои нафтӣ гузоштани чанд чоҳи нави нафт дар шимолу ғарби кишварро бознигарӣ кардааст. Игор Сечин ҳамчунин гуфт, ки дар сурати ҳосил шудани созиш бо ОПЕК Русия мавзӯъи шомил шудани ба ин созмонро баррасӣ хоҳад кард.
Нишасти вазирони энерҷии кишварҳои узви ОПЕК имрӯз дар Вена, пойтахти Австрия, ифтитоҳ мешавад.