Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори НАТО дар мавриди интихоботи Афғонистон


Паймони Атлантики Шимолӣ ҳушдор дод, ки пеш овардани таърихи баргузории интихоботи президентии Афғонистон, пайомадҳое барои амният хоҳад дошт. Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, рӯзи шанбе хост, интихобот на дар 20-уми август, балки се моҳ пештар баргузор шавад. Таърихи 20-уми августро бо назардошти мушкилоти амниятӣ ва фаннӣ Кумиссюни мустақили интихоботии Афғонистон пешниҳод карда буд. Сухангӯи НАТО гуфт, таъини рӯзи интихобот кори афғонҳост, аммо агар овоздиҳӣ дар моҳи август баргузор мешуд, таъмини амнияти он осонтар мегашт. Иёлоти Муттаҳида низ августро беҳтарин фурсат барои интихобот номидааст.
XS
SM
MD
LG