Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон муҳандиси лаҳистониро куштанд


Ҷангҷӯёни Толиб имрӯз гуфтанд, он муҳандиси лаҳистониро, ки соли гузашта дар Покистон рабуда буданд, сар буридаанд. Рӯзи 28 сентябри соли гузашта афроди мусаллаҳ дар шимолуғарби Покистон ба мошини муҳандис Пётр Станзак ҳамла карда, ду ронанда ва муҳофизашро куштанд ва худи ӯро гаравгон гирифтанд. Муҳандиси лаҳистонӣ барои як ширкати энержии ин кишвар кор мекард. Толибон баъди чанд соат аз он дар бораи қатли шаҳрванди Лаҳистон эълом доданд, ки нахуствазири ин кишвар Доналд Туск ба хабарнигорон гуфт, ҳеҷ гуна хунбаҳо барои ҷони гаравгон пардохта нахоҳад шуд. Дар айни ҳол сафорати Лаҳистон дар Исломобод то кунун хабари қатли Пётр Станзакро таъйид накардааст.
XS
SM
MD
LG