Низомиёни Исроил бар зидди ҳадафҳое дар Навори Ғаззаи Фаластин чанд ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд. Ин ҳамлаҳо замоне анҷом гирифт, ки рӯзи якшанбе дар натиҷаи мушакпаррониҳо аз Навори Ғазза дар ҷануби Исроил ду сарбоз ва як ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштанд. Бино ба гузоришҳо, рӯзи якшанбе тундравҳо ба сӯи Исроил, дастикам, 10 мушак паррондаанд. Низомиёни Исроил мегӯянд, ҳавопаймоҳои онҳо муҷтамаъи амниятии гурӯҳи Ҳамос ва туннелҳоеро ҳадаф қарор додаанд, ки аз Ғазза то марзи Миср барои қочоқи аслиҳа истифода мешудаанд.