Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Об аз нафт ҳам гаронтар хоҳад шуд


Оби ошомиданӣ дар ҷаҳон рӯ ба поён аст. Ин аст хулосаи як гузориши нави Форуми иқтисодии ҷаҳон. Дар он гуфта мешавад, аксари пиряхҳои Ҳимолой ва Тибет, ки ду миллиард нафарро бо об таъмин мекунанд, бо чунин суръати обшавӣ то соли 2100 пурра аз байн мераванд. Муҳаққиқон ҳамчунин гуфтаанд, наздик ба 70 рӯду наҳр комилан хушкида обе барои кишоварзӣ нахоҳанд овард. Тибқи ин гузориш, ки дар форуми иқтисодии ҷаҳон дар Давоси Швейтсария нашр шуд, нархи об метавонад аз нархи нафт ҳам гаронтар шавад.
XS
SM
MD
LG