Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ноиби вазири умури дохилии Абхазия


Ноиби вазири умури дохилии Абхазия, минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, тибқи хабарҳо, дар пойтахти минтақа, шаҳри Сухумӣ ба зарби гулӯла кушта шудааст. Хабаргузории Интерфакс ба нақл аз раҳбари Абхозистон, Сергей Багапш мегӯяд, Закан Ҷугелия дар як қаҳвахона ҳадафи ҳамлаи ду марди ниқобпӯш қарор гирифтааст, ки баъд аз тирандозӣ фирор кардаанд. Вай гуфт, мақсад аз ин сӯиқасд ноором кардани вазъ дар минтақа аст. Абхазия худро аз Гурҷистон мустақил мешуморад ва дар моҳи августи соли гузашта Русия ва Никарагуа онро ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG