Пайвандҳои дастрасӣ

Аз субҳи 23-вуми январ бад-ин сӯ интиқоли барқ ба аҳолии шаҳри Қайроққум қатъ шудааст.

Бино ба таъйиди як манбаъ дар Вазорати энергетика ва саноъати Тоҷикистон, ин вазъ ба камшавии ҳаҷми нерӯи барқи ба шаҳри мазкур ҷудошуда бастагӣ дорад: «Ба шаҳри Қайроққум ҳамагӣ 190 000 кВт/с нерӯи барқ ҷудо шудааст, ва, бадеҳист, ки ин ҳаҷм ба ҳама ақшори ҷомиъа басанда нест. Як худи муассисаҳои саноъатии шаҳр, ки 14 адад мебошанд, дар як шабонарӯз ба 150 000 кВт/с энержии барқ ниёз доранд. Ва 40 000 кВт/соати боқимонда танҳо барои нигаҳдории дигар объектҳои ҳаётан муҳимми шаҳр ва шаҳракҳои наздики он кифоят мекунаду халос».

Манбаъ шарҳ дод, ки ин чора ба қатъи интиқоли барқи Туркманистон тавассути Узбакистон ба кишвар вобаста аст.

Интиқоли энержии барқи Туркманистон ба Тоҷикистон ҳанӯз 1-уми январи соли равон қатъ гардида буд. Дар ин вазорат инчунин зикр намуданд, ки маҳдудияти шадиди барқ дар тамоми кишвар ҷорӣ карда шудааст. Бар тибқи қарордоди қаблӣ, Туркманистон бояд ба Тоҷикистон 1,2 миллиард кВт/с нерӯи барқ интиқол кунад. Аз ин миқдор ба Тоҷикистон моҳҳои октябр – декабри соли гузашта танҳо 400 миллион кВт/с нерӯи барқ ворид шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG